Медалҳои биринҷии Устопириён ва Саидов дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо

Дзюдочиёни тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов ба дарёфти медалҳои биринҷии Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Кувайт ноил гардиданд. Бино ба иттилои Федератсияи байнулмилалии дзюдо, дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён бар ҳарифони худ аз Фаластину Қазоқистон ғолиб омада, дар қувваозмоии нимниҳоӣ аз варзишгарони Ҷопон Даики Нишияма бо имтиёзи «юко» шикаст хӯрд. Гуфта […]

Сайфиддин Қараев



Дзюдочиёни тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов ба дарёфти медалҳои биринҷии Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Кувайт ноил гардиданд.

Бино ба иттилои Федератсияи байнулмилалии дзюдо, дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён бар ҳарифони худ аз Фаластину Қазоқистон ғолиб омада, дар қувваозмоии нимниҳоӣ аз варзишгарони Ҷопон Даики Нишияма бо имтиёзи «юко» шикаст хӯрд.

Гуфта мешавад, дар вазни то 100 кило гуштигири тоҷик Саидҷалол Саидов низ бо ду ғалаба то давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфта, дар рақобат барои баромадан ба даври ниҳоӣ ба шикаст дучор шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Кувайт ба ҷуз Комроншоҳи Устопириёну Саидҷалол Саидов аз Тоҷикистон боз гӯштигирон – Хушқадам Хусравов (вазни то 60 кило), Умед Абдураҳимов (то 66 кило), Шуҳратҷони Фахризода (то 73 кило), Фарҳод Раҳимов (то 81 кило) ва Муҳаммад Абдураҳмонов (вазни беш аз 100 кило) ширкат варзиданд.

Мавриди зикр аст, ки Чемпионати Осиё мусобиқаест, ки дар он метавон барои иштирок дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро имтиёзҳои зарурӣ ба даст овард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.