Машварати котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ рӯзҳои 19-20 май дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар машварати мазкур, ки таҳти раёсати котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров доир мегардад, ба ҷуз котибони Шӯрои амнияти давлатҳои Русия, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, ҳамчунин котиби генералии СААД Николай Бордюжа низ ширкат хоҳад варзид.
Ба иттилои манбаъ, дар машварат масоили марбут ба таъмини амният дар минтақа, вазъ дар Афғонистон ва ҷараёни тамрину омӯзишҳои Нерӯҳои зудамали СААД, ки дар машқгоҳи «Ҳарбмайдон»-и гарнизони Хатлон бо иштироки беш аз 2 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва зиёда аз 150 адад техника аз ҳайати воҳидҳои Нерӯҳои зудамали СААД – Русия, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷараён доранд, мавиди баррасӣ қарор мегиранд.



