Манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба ВМКБ

Date:



Дар робита ба ноамн будани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии кишвари ҳамсояи Афғонистон, додани иҷозатномаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ барои боздид аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон қатъ шуд.

Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Ризо Назарзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ, вуруди онҳо ба ВМКБ, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, муваққатан боздошта шуд.

«Бо ба эътидол омадани вазъ дар кишвари ҳамсоя, ба шаҳрвандони хориҷӣ базудӣ додани иҷоззатномаҳо барои сафар ба ВМКБ оғоз мегардад», – гуфт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои сайёҳӣ аз ин масъала огаҳӣ доранд ва бархе аз сайёҳони хориҷӣ, ки акнун аз Бадахшон боздид карда наметавонанд, роҳхатҳоро ҳанӯз соли гузашта гирифта буданд, ки он замон бобати манъи додани иҷозатнома ҳарфе ҳам набуд.

«Касе намедонист, ки вазъ ҳамин гуна мешавад ва ин ҷо Тоҷикистон гунаҳкор нест, зеро вақте сайёҳ марзи Тоҷикистонро убур мекунад, кишвари қабулкунанда барои таъмини амнияти ӯ масъул аст. Мо худамон ҳам манфиатдорем, ки ин монеъа базудӣ бартараф шавад, зеро 80 дарсади сайёҳон ба Тоҷикистон маҳз барои тамоишои Помир меоянд», – иброз дошт Назарзода ва илова намуд, ки давоми моҳҳои апрел-майи соли 2015 маҷаллаи National Geographic Traveler Помирро ба даҳгонаи макони беҳтарини сайёҳии ҷаҳон шомил кард.

Ёдрас мекунем, ки имрӯзҳо дар минтақаи наздимарзии Афғонистон миёни ҳукумати расмӣ ва гурӯҳҳои тундрав, ки минтақаро ишғол карданианд, набардҳои шадиди мусаллаҳона ҷараён доранд.

Дар ин робита Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар дар марз бо Афғонистон

хатти дуюми мудофиаро

ташкил намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...