Давраи омӯзишии сафорати ИМА барои кормандони мақомоти интизомии Тоҷикистон

Имрӯз, 15 майи соли равон муовини роҳбари бахши минтақавии Хадамоти амнияти Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Трэй Ҳовертон 22 корманди Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хатми курси таълимии «Пурсиши гумонбарони терроризм» дар доираи Барномаи ёрии зиддитеррористӣ (Барномаи АТА) табрик намуд.  Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон дар ин […]

ASIA-Plus



Имрӯз, 15 майи соли равон муовини роҳбари бахши минтақавии Хадамоти амнияти Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Трэй Ҳовертон 22 корманди Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хатми курси таълимии «Пурсиши гумонбарони терроризм» дар доираи Барномаи ёрии зиддитеррористӣ (Барномаи АТА) табрик намуд. 

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон дар ин рбита иттилоъ доданд, ҳадаф аз гузарондани ин омӯзиш рушди малакаҳои самараноки гӯш кардану мушоҳида кардан мебошад, ки ба иштирокчиён имконият медиҳад маълумоти тавассути пурсиши гумонбарони терроризм ҷамъшударо ба таври васеъ истифода бурда, таҳрифи ин маълумотро коҳиш диҳанд.

Зимни суханрониаш ҷаноби Ҳовертон қайд намуд, ки курси таълимии номбаршуда яке аз силсилаи иборат аз 4 курси омӯзишии Барномаи АТА мебошад, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар 2015 ба нақша гирифта шудаанд. 

Омӯзиши мазкур аз тарафи Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористии назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ гардида, бо дастгирии бахши минтақавии Хадамоти амниятии Сафорати ИМА гузаронида шуд.  Зимнан, эшон ба иштирокчиёни курси омӯзишӣ барои кӯшишу талошҳояшон дар мубориза зидди терроризм ва ифротгароӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки Барномаи ёрии зиддитеррористӣ дар фаъолияти худ усули “омӯзиши омӯзгорон”-ро истифода мебарад.  Инчунин ӯ изҳори боварӣ намуд, ки иштирокчиёни курс дар навбати худ дониши азхудакардаро бо ҳамкасбонашон мубодила хоҳанд намуд.

Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористӣ соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис ёфтааст.  Дафтари мазкур механизми калидии Ҳукумати ИМА дар баргузории барномаҳои омӯзишӣ, таъмини таҷҳизот ва технология ба давлатҳои шарики ИМА, ки фаъолона алайҳи терроризм мубориза мебаранд, мебошад.

 Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар ш.Душанбе тавассути барномаҳо барои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустию маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи беш аз 1миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.