Манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба ВМКБ

Дар робита ба ноамн будани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии кишвари ҳамсояи Афғонистон, додани иҷозатномаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ барои боздид аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон қатъ шуд. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Ризо Назарзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ, […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар робита ба ноамн будани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии кишвари ҳамсояи Афғонистон, додани иҷозатномаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ барои боздид аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон қатъ шуд.

Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Ризо Назарзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ, вуруди онҳо ба ВМКБ, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, муваққатан боздошта шуд.

«Бо ба эътидол омадани вазъ дар кишвари ҳамсоя, ба шаҳрвандони хориҷӣ базудӣ додани иҷоззатномаҳо барои сафар ба ВМКБ оғоз мегардад», – гуфт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои сайёҳӣ аз ин масъала огаҳӣ доранд ва бархе аз сайёҳони хориҷӣ, ки акнун аз Бадахшон боздид карда наметавонанд, роҳхатҳоро ҳанӯз соли гузашта гирифта буданд, ки он замон бобати манъи додани иҷозатнома ҳарфе ҳам набуд.

«Касе намедонист, ки вазъ ҳамин гуна мешавад ва ин ҷо Тоҷикистон гунаҳкор нест, зеро вақте сайёҳ марзи Тоҷикистонро убур мекунад, кишвари қабулкунанда барои таъмини амнияти ӯ масъул аст. Мо худамон ҳам манфиатдорем, ки ин монеъа базудӣ бартараф шавад, зеро 80 дарсади сайёҳон ба Тоҷикистон маҳз барои тамоишои Помир меоянд», – иброз дошт Назарзода ва илова намуд, ки давоми моҳҳои апрел-майи соли 2015 маҷаллаи National Geographic Traveler Помирро ба даҳгонаи макони беҳтарини сайёҳии ҷаҳон шомил кард.

Ёдрас мекунем, ки имрӯзҳо дар минтақаи наздимарзии Афғонистон миёни ҳукумати расмӣ ва гурӯҳҳои тундрав, ки минтақаро ишғол карданианд, набардҳои шадиди мусаллаҳона ҷараён доранд.

Дар ин робита Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар дар марз бо Афғонистон

хатти дуюми мудофиаро

ташкил намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.