Собиқ пешвои «Созандагони Ватан» муфассалтар перомуни кори ҷиноҳи ҷавонони ҲХДТ

Пешвои бахши ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» Исфандиёр Абдураҳмонов дар муроҷиати видеоии худ изҳороти собиқ ҳаммаслакони ҳизбии худ вобаста ба истеъфояшро мавриди интиқод қарор дод. Муроҷиат тариқи видеоро Абдураҳмонов дар саҳифаи фейсбукии худ гузошт. Ба гуфтаи ӯ, собиқ ҳамсафонаш на фаъолияти ӯ ба сифати пешвои ҷиноҳи ҷавонони ҳизб, балки […]

ASIA-Plus



Пешвои бахши ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» Исфандиёр Абдураҳмонов дар муроҷиати видеоии худ изҳороти собиқ ҳаммаслакони ҳизбии худ вобаста ба истеъфояшро мавриди интиқод қарор дод.

Муроҷиат тариқи видеоро Абдураҳмонов дар саҳифаи фейсбукии худ гузошт. Ба гуфтаи ӯ, собиқ ҳамсафонаш на фаъолияти ӯ ба сифати пешвои ҷиноҳи ҷавонони ҳизб, балки ҳаёти шахсии ӯро муҳокима мекунанд.

Ӯ ҳамчунин ҳикоят мекунад, ки чӣ гуна ба соҳибкорон бо талаби ҷудо кардани воситаҳо барои баргузории маъракаи пешазинтихоботии ҲХДТ номаҳо ирсол шуда, шахсан ӯ барои он 30 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст. Абдураҳмонов ҳамчунин ба изофанависиҳо дар фаъолияти «Созандагони Ватан» ҳарф гуфта, изҳор мекунад, ки ба ӯ чандин маротиба гуфтаанд, ки ҳатто метавонад барои фаъолияти соҳибкориаш андоз насупорад ва барои ин касе ӯро чизе намегӯяд.

Бо интиқод аз фаъолияти бархе аз мансабдорони ҲХДТ И.Абдураҳмонов зикр мекунад, ки онҳо танҳо аз шумори зиёди ҳизб ситоиш мекунанд: «Шумо ҳамеша худситоӣ мекунед, ки тӯли 20 сол 250 ҳазор нафар ҷонибдорон ҷамъ овардаед. Аммо чаро шумо ҳеҷ гоҳ намегӯед, ки тӯли ин 20 сол 2 млн. нафар шаҳрвандон кишварро тарк карданд ва кай шумо дар бораи бозгашти онҳо фикр мекунед? Бо ин суръат ва одамоне чун шумо мо онҳоро дар зарфи 100 сол ҳам баргардонида наметавонем».

Дар фарҷоми муроҷиат Исфандиёр Абдураҳмонов мегӯяд, ки ӯ ҳамеша ҷонибдори ҳизб буд ва чунин мемонаду чизе мухолифи ҳизб надорад, баръакс пешвои онро эҳтиром мекунад.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи апрел пешвои бахши ҷавонони ҲХДТ Исфандиёр Абдураҳмонов, ки аввали моҳи январ ба ин вазифа интихоб шуда буд,

аз мансабаш истеъфо дод.

Баъдан Шӯрои ташкилоти «Созандагони Ватан» дар робита ба истеъфои пурсарусадои собиқ пешвои худ Исфандиёр Абдураҳмонов

қарор (резолютия) қабул карда

, дар он собиқ роҳбари худро маҳкум намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.