Сарвазири Канада ҳамлаи террористӣ ба исмоилиҳоро маҳкум намуд

Date:



Сарвазири Канада  Стивен Харпер дар робита ба ҳамлаи террористӣ ба Исмоилиҳо дар  Карочии Покистон, ки бар асари он теъдоди зиёде кушта ва чандин тани дигар захмӣ гардиданд, баёния содир намуда дар он ҳамлаи ноҷавонмардонаи терористӣ ба автобуси ҳомили мусалмонони шиаи исмоилӣ дар Карочиро маҳкум намуд.

«Ин махсусан хеле даҳшатовар аст, ки афроди мусаллаҳ бидуни ҳеҷ мулоҳиза оташ кушоданд ва теъдоди зиёде аз исмоилиҳоро новобаста аз мансубияти ҷинсӣ ва синну солашон  куштанд. Ин амали таҳқиромез бар зидди касонест, ки ба озодии мазҳаб эҳтиром мегузоранд. Мо аз ҳукумати Покистон даъват мекунем, ки ҷинояткоронро ба ҷавобгарӣ кашида, ҳифозати аққалиятҳои мазҳабӣ дар кишварро таъмин намуда,  озодии динии онҳоро кафолат диҳад», – омадааст дар баёния.

Дар баёния сарвазир аз номи кулли канадагиҳо ва худаш ба ҳамаи хонаводаҳо ва наздикони онҳо, ки дар ин ҳамлаи маргбор кушта шудаанд, ҳамдардии амиқи худро баён карда, хостори ҳарчи худтар шифо ёфтани ҳамаи ҷароҳатбардоштагон аст.

«Ман бо Волоҳазрат Оғохон тӯли солҳои зиёд ҳамкорӣ дорам ва аз табиати сулҳхоҳонаи ҷамоати шиаъи исмоилӣ дар Канада ва кулли ҷаҳон аз наздик бохабар ҳастам. Мо  ҳама якҷоя бо Волоҳазрат ва кулли имомати шиаъи исмоилӣ, ки пайваста тарафдори сулҳ, гуногунандешӣ ва озодии дин мебошанд сахт андуҳгин мебошем!, – қайд мешавад дар фарҷоми баёния.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...