Сарвазири Канада ҳамлаи террористӣ ба исмоилиҳоро маҳкум намуд

Сарвазири Канада  Стивен Харпер дар робита ба ҳамлаи террористӣ ба Исмоилиҳо дар  Карочии Покистон, ки бар асари он теъдоди зиёде кушта ва чандин тани дигар захмӣ гардиданд, баёния содир намуда дар он ҳамлаи ноҷавонмардонаи терористӣ ба автобуси ҳомили мусалмонони шиаи исмоилӣ дар Карочиро маҳкум намуд. «Ин махсусан хеле даҳшатовар аст, ки афроди мусаллаҳ бидуни ҳеҷ […]

ASIA-Plus



Сарвазири Канада  Стивен Харпер дар робита ба ҳамлаи террористӣ ба Исмоилиҳо дар  Карочии Покистон, ки бар асари он теъдоди зиёде кушта ва чандин тани дигар захмӣ гардиданд, баёния содир намуда дар он ҳамлаи ноҷавонмардонаи терористӣ ба автобуси ҳомили мусалмонони шиаи исмоилӣ дар Карочиро маҳкум намуд.

«Ин махсусан хеле даҳшатовар аст, ки афроди мусаллаҳ бидуни ҳеҷ мулоҳиза оташ кушоданд ва теъдоди зиёде аз исмоилиҳоро новобаста аз мансубияти ҷинсӣ ва синну солашон  куштанд. Ин амали таҳқиромез бар зидди касонест, ки ба озодии мазҳаб эҳтиром мегузоранд. Мо аз ҳукумати Покистон даъват мекунем, ки ҷинояткоронро ба ҷавобгарӣ кашида, ҳифозати аққалиятҳои мазҳабӣ дар кишварро таъмин намуда,  озодии динии онҳоро кафолат диҳад», – омадааст дар баёния.

Дар баёния сарвазир аз номи кулли канадагиҳо ва худаш ба ҳамаи хонаводаҳо ва наздикони онҳо, ки дар ин ҳамлаи маргбор кушта шудаанд, ҳамдардии амиқи худро баён карда, хостори ҳарчи худтар шифо ёфтани ҳамаи ҷароҳатбардоштагон аст.

«Ман бо Волоҳазрат Оғохон тӯли солҳои зиёд ҳамкорӣ дорам ва аз табиати сулҳхоҳонаи ҷамоати шиаъи исмоилӣ дар Канада ва кулли ҷаҳон аз наздик бохабар ҳастам. Мо  ҳама якҷоя бо Волоҳазрат ва кулли имомати шиаъи исмоилӣ, ки пайваста тарафдори сулҳ, гуногунандешӣ ва озодии дин мебошанд сахт андуҳгин мебошем!, – қайд мешавад дар фарҷоми баёния.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.