Толибилми худро писари президент муаррификарда аз масъулият озод шуд

Date:



Хонандаи синфи 10-уми Мактаби байнулмилалии Душанбе, ки худро писари президенти Тоҷикистон муаррифӣ мекард, озод шуда, аллакай ба таҳсил пардохтааст.

Аз Агентии зиддифасод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Хушдил Қурбонови 16-сола зиён дар ҳаҷми 50 ҳазор доллари ИМА-ро ҷуброн намуда, «ба зиндагии муқаррарӣ баргашт, яъне дар мактаб таҳсил мекунад».

Бино ба иттилои манбаъ, чун Х.Қурбонов ноболиғ асту ҳамчунин ба гуноҳи худ пурра иқрор шуд, ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ хонандаи синфи 10-уми Мактаби байнулмилалии Душанберо

боздошт намуда буд

, ки худро писари президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуда, маблағи зиёди пулӣ гирифтааст.

Бино ба маълумоти Агентӣ, Хушдил Қурбонов ҳамроҳ бо як хешаш Ҷӯрахон Холов боварии шаҳрванд Маҳмадризо Раҷабовро ба даст оварда, ба ӯ ҷудо гардидани 0,30 га қитъаи замин дар қаламрави ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакиро ваъда медиҳанд ва барои хизмати худ аз Раҷабов 50 ҳазор доллари ИМА талаб мекунанд.

«Пас аз гирифтани пул онҳо ба М.Раҷабов мегӯянд, ки барои дастрас кардани қитъаи замин ба шахси масъул Сабзалӣ Маҷидов муроҷиат намояд. Дар ҳамин ҳол, Хушдил Қурбонов ба Сабзалӣ Маҷидов занг зада, худро писари президент Сомони Эмомалӣ муаррифӣ мекунад ва ба ӯ супориш медиҳад, ки ба Маҳмадризо Раҷабов қитъаи замин ҷудо кунад, аммо Маҷидов ба Хушдил Қурбонов бовар накарда, ба М.Раҷабов қитъаи замин ҷудо намекунад», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ, Сабзалӣ Маҷидов низ боздошт шуда, нисбати ӯ тафтишот ҷараён дорад, зеро ӯ ба хариду фурӯши ғайриқонунии қитъаи заминҳо машғул будааст, ки мухолифи қонунгузории Тоҷикистон аст.

Васоити ахбори умум иттилоъ медиҳанд, ки Хушдил Қурбонов қаблан ҳамсинфи Сомони Эмомалӣ, писари хурдии президент будааст, ки баъди синфи 10 дар Британияи Кабир таҳсил мекунад. Ҳушдил Қурбонов ҷияни Анвар Қурбонов, раиси иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» (Тоҷиктекстил) аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...