Моҳи апрели соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 4 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона расида, дар маҷмӯъ давоми 4 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 14,1 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардидааст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии ҳудуди 7 ҳазор тонна аз 27 кишвари дунё ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Русия – 26,2%, ИМА – 18,3%, Словения – 8,2%, Нидерланд – 6,.9 %, Қирғизистон – 6,8%, Дания – 5,1%, Ҳиндустон – 4,6%, Чин – 4,4%, Аморати Муттаҳидаи Араба – 4,2% Қазоқистон – 4% ва боз 17 кишвари дигари дунё рост меояд.
Қобили зикр аст, ки пас аз муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аввали моҳи январи соли гузашта Қирғизистон якҷониба марз бо Тоҷикистонро баста, аз 1 уми апрел боз намуда буд, ки дар натиҷа аз рӯи натиҷаҳои соли 2014 ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо ба андозаи 80% – то 40 млн. доллари ИМА коҳиш ёфта буд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 4 моҳи соли 2015 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,2 маротиба афзуда, беш аз 10 млн. доллари ИМА-ро таашкил додааст.


