Қатли роҳбари яке аз ширкатҳои бузурги амрикоӣ дар Вашинтгон

Дар яке аз нуқтаҳои маъмурии аҳолинишини бонуфузтарини шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳодисаи мудҳиш ба вуқӯъ пайваст. Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», мувофиқи маълумоти мавҷуда, начандон дуртар аз қароргоҳи ноиби давлатии президенти Амрико Ҷозеф Байден роҳбари яке аз ширкатҳои пуриқтидор ҳамроҳи ҳамсару писарбачаи 10-солааш ва хидматгори хонаводааш ба қатл расонида шуданд. Ҷинояткорони […]

ASIA-Plus



Дар яке аз нуқтаҳои маъмурии аҳолинишини бонуфузтарини шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳодисаи мудҳиш ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», мувофиқи маълумоти мавҷуда, начандон дуртар аз қароргоҳи ноиби давлатии президенти Амрико Ҷозеф Байден роҳбари яке аз ширкатҳои пуриқтидор ҳамроҳи ҳамсару писарбачаи 10-солааш ва хидматгори хонаводааш ба қатл расонида шуданд. Ҷинояткорони номаълум сӯйиқасдро тавассути силоҳи сард, яъне корд ва афзори дигар анҷом дода, баъдан манзили зисти онҳоро оташ задаанд.

Дар бораи сабабу ангезаҳои ин ҷинояти мудҳиш ва шахсияти қотилон то ҳанӯз ягон маълумоти дақиқ дастрас нест. Танҳо маълум ин аст, ки нишонаҳо дар бораи зӯран ба хона даромадани ҷинояткоронро кормандони мақомоти полис муайян накардаанд.

Бино ба гузориши мақомоти полис дар ин сӯйиқасд сарвари ширкати «Американ Айрон Воркс» Саввас Савополус, ҳамсари 47- солааш Эми, писараш Филипп ва хидматгори 57-солаи хонаводагии онҳо ҷон бохтаанд. Дар ин ҳодиса ду духтари Саввас Савопулос ҷон ба саломат бурдаанд, зеро онҳо ҳангоми сар задани ҳодиса дар таълимгоҳ машғули тадрис буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.