Беш аз 14,1 млн. $ кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳ

Моҳи апрели соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 4 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона расида, дар маҷмӯъ давоми 4 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 14,1 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардидааст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии ҳудуди 7 ҳазор тонна аз […]

Пайрав Чоршанбиев



Моҳи апрели соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 4 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона расида, дар маҷмӯъ давоми 4 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 14,1 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардидааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии ҳудуди 7 ҳазор тонна аз 27 кишвари дунё ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Русия – 26,2%, ИМА – 18,3%, Словения – 8,2%, Нидерланд – 6,.9 %, Қирғизистон – 6,8%, Дания – 5,1%, Ҳиндустон – 4,6%, Чин – 4,4%, Аморати Муттаҳидаи Араба – 4,2% Қазоқистон – 4% ва боз 17 кишвари дигари дунё рост меояд.

Қобили зикр аст, ки пас аз муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аввали моҳи январи соли гузашта Қирғизистон якҷониба марз бо Тоҷикистонро баста, аз 1 уми апрел боз намуда буд, ки дар натиҷа аз рӯи натиҷаҳои соли 2014 ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо ба андозаи 80% – то 40 млн. доллари ИМА коҳиш ёфта буд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 4 моҳи соли 2015 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,2 маротиба афзуда, беш аз 10 млн. доллари ИМА-ро таашкил додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.