Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 18 май аз рӯи далели таҳия ва фурӯши санадҳои сохта, ки гӯё ба шаҳрвандони кишвар ба ришмониву ба бар кардани ҳиҷоб иҷозат медода бошанд, парванда боз намуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Прокуратураи геералии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, парванда мутобиқи моддаҳои 189 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп,муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ алҳол нисбати афроди номаълуми машғул ба паҳн ва фурӯши «иҷозатномаҳо» бо қимати 250 сомонӣ барои ришмониву ҳиҷобпӯши боз шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон аз рӯи ин далел тафтишот ҷараён дорад.
Ахири моҳи апрел Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар
дархост кард
, ки дар ошкор намудани шахсони машғул ба фурӯши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ки гӯё барои ришмониву ба бар кардани ҳиҷоб ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳуқуқ медодааст, мусоидат намоянд.
«Ашхоси носипосе дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон дар соҳаи динро нодида гирифта, бо дасисабозӣ ва ба таври қалбакӣ сохтани “иҷозатнома барои риш ва ҳиҷоб”, ки гӯё бо ситонидани андоз дар ҳаҷми 250 сомонӣ аз ҷониби Кумита дода мешудааст, мехоҳанд миёни мардум фазои нобовариро эҷод намуда, барангезиши фитна дар ҷомеаро ба миён оранд», – зикр гардида буд дар дархости Кумита.
Ҳамчунин қайд шуда буд, ки дар Тоҷикистон мақомоте, ки барои додани чунин ҳуҷҷатҳо ваколатдор бошад, вуҷуд надорад ва ин амалҳо алайҳи ҳукумату давлат ва бадномкунии ислом равона шудаанд. «Умуман додани ҳуҷчате, ки гӯё ба мард барои ришмониву ба зан барои ҳиҷобпӯшӣ иҷозат медода бошад, комилан сафсата аст», – таъкид дошта буд он замон Кумита.



