Дастури раиси пойтахт оид ба муттасил тоза кардани шаҳр аз иҳотапанҷараҳо

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 18 май ҷаласаи корӣ баргузор намуд, ки дар он ҳолати 119 муассисаҳои томактабии шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, М.Убайдуллоев дар ин робита таъкид доштааст, ки дар муассисаҳои томактабӣ мушкилоти марбут ба ташкили катҳои дуошёна то ҳол роҳи ҳалли худро наёфтаанд. Раиси […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 18 май ҷаласаи корӣ баргузор намуд, ки дар он ҳолати 119 муассисаҳои томактабии шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, М.Убайдуллоев дар ин робита таъкид доштааст, ки дар муассисаҳои томактабӣ мушкилоти марбут ба ташкили катҳои дуошёна то ҳол роҳи ҳалли худро наёфтаанд.

Раиси пойтахт қайд кард, ки барои ҳалли мушкилоти ин соҳа дар баробари харҷи маблағҳо аз буҷет, шаҳрдорӣ ҳамчунин воситаҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқии ватаниро низ ҷалб мекунад ва муддати 5 соли ахир 13 нафар соҳибкорони пойтахт хоҳиш кардаанд, ки дар ошёнаи якуми манзилҳои зист баландошёна, ки сохта мешаванд, муассисаҳои томактабӣ бунёд намоянд.

Гуфта мешавад, дар ин равобит Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини соҳаи сохтмон ва меъмории шаҳр дастур фармуд, ки шуруъ аз 1 июни соли ҷорӣ  дилхоҳ ташаббусҳои сохтмонии шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар самти бунёди биноҳои истиқоматии бисёрошёна  танҳо бо пешбинӣ намудани ҷойгиронии чунин марказҳо барои кӯдакон дар  лоиҳаи иншоот баррасӣ карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки М.Убайдуллоев ҳамчунин ба масъулин ҷиҳати беҳбуди вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, ҳолати санитарию экологӣ, муттасил тоза кардани шаҳр аз иҳотапанҷараҳо ва ба ҷойи онҳо роҳандозӣ намудани  буттадеворҳои ҳамешасабз, ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе мақсаднок баргузор намудани Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳои он ва рӯзҳои  шанбе таври оммавӣ доир кардани ҳашари умумишаҳрӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт дастуру супоришҳо дод.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.