Боздиди ҳайати Коллеҷи миллии мудофиаи Ҳиндустон аз ВКХ Тоҷикистон

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 18 майи соли 2015 ҳайати афсарони Коллеҷи миллии мудофиаи Ҷумҳурии Ҳиндустонро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот Н.Зоҳидӣ аъзои ҳайатро бо самтҳои асосии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар марҳалаи муосир ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, […]

ASIA-Plus



Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 18 майи соли 2015 ҳайати афсарони Коллеҷи миллии мудофиаи Ҷумҳурии Ҳиндустонро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот Н.Зоҳидӣ аъзои ҳайатро бо самтҳои асосии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар марҳалаи муосир ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, мудофиа ва амнияти минтақавӣ шинос намуд.

Гуфта мешавад, Низомиддин Зоҳидӣ ба саволҳои намояндагони коллеҷи мазкур дар робита ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи сармоягузорӣ, аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва истифодаи васеъ аз иқтидори транзитии Тоҷикистон ва Афғонистон  дар таъмини рушди устувор, сулҳ ва суботи минтақа посух дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.