Ғалабаи навбатии «Истиқлол» дар Истаравшан

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе рӯзи 18 май дар даври шашуми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дар шаҳри Истаравшан бо соҳибони майдон – дастаи «Далерон – Ӯротеппа бозӣ карда, бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд. Голи ягонаро аз дастаи «Истиқлол» легионери испанӣ Хосе Баллестер дар дақиқаи 4-уми вохӯрӣ ба ҳадаф расонид. Бино ба иттилои Федератсияи […]

ASIA-Plus



Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе рӯзи 18 май дар даври шашуми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дар шаҳри Истаравшан бо соҳибони майдон – дастаи «Далерон – Ӯротеппа бозӣ карда, бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд. Голи ягонаро аз дастаи «Истиқлол» легионери испанӣ Хосе Баллестер дар дақиқаи 4-уми вохӯрӣ ба ҳадаф расонид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин ғалабаи 6-уми дастаи «Истиқлол» буда, шогирдони сармураббӣ Мӯбин Эргашев алҳол бо касби комили имтиёзҳо дар мусобиқа (18 имтиёз аз 6 бозӣ) дар садри ҷадвали мусобиқа қарор доранд ва аз дастаи «Хайр», ки зинаи дуюми ҷадвалро ишғол мекунад, 5 имтиёз зиёдтар доранд.

Гуфта мешавад, дар даври навбатии мусобиқа «Истиқлол» дар майдони худ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро қабул мекунад, ки имсол чун «Истиқлол» алҳол шаҳди шикастро начашидааст. Вохӯрии ин дастаҳо аз рӯзи 24 май ба рӯзи 29 май гузаронида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.