Коҳиши назарраси ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон

Дар посух ба саволҳои сармуҳаррири оҷонсии иттилоотии TojNews Абдуазими Абдуваҳҳоб Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки тибқи маълумоти фаврии оморӣ, дар моҳи апрели соли 2015 ҳаҷми умумии интиқолҳои маблағҳои пулии ба ҷумҳурӣ воридшуда 201,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба моҳи марти соли равон 23,6 фоиз зиёд мебошад. Гуфта мешавад,  давоми моҳҳои […]

ASIA-Plus



Дар посух ба саволҳои сармуҳаррири оҷонсии иттилоотии TojNews Абдуазими Абдуваҳҳоб Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки тибқи маълумоти фаврии оморӣ, дар моҳи апрели соли 2015 ҳаҷми умумии интиқолҳои маблағҳои пулии ба ҷумҳурӣ воридшуда 201,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба моҳи марти соли равон 23,6 фоиз зиёд мебошад.

Гуфта мешавад,  давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ ҳаҷми интиқолҳои пулии ба ҷумҳурӣ воридшуда 615,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 34,1 фоиз кам аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаи мазкур 934,2 млн.доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Зимнан зикр мегардад, ки коҳиш ёфтани воридоти интиқолҳои маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар ин давра асосан бо сабаби ба буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудани кишварҳои шарики иқтисодии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки аз ҳаҷми умумии маблағҳои пулии дар ин давра интиқолёфта 79,1 фоизро рубли Русия, 19,8 фоизро доллари ИМА ва 1,1 фоизро Евро ташкил додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.