Аз рӯйи натиҷаҳои ба итмом расидани санҷиши ҳолати омодабоши ҷангии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки аз 13 то 21 май дар қаламрави машқгоҳи «Ҳарбмайдон» ҷараён доранд, вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенат Шералӣ Мирзо имрӯз ба журналистон изҳор намуд, ки тамринҳои доиргардида собит сохтанд, ки кишварҳои узви СААД ба ҳама гуна таҳдиду ситезаҷӯиҳои ҷаҳони муосир истодагарӣ карда метавонанд
.
«Тамринҳои муштараки Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон, наздикии марз бо Афғонистон нахустин размоиши бузургмиқёс буда, ман мутмаинам, ки то замони дар марзҳои ҷанубӣ боқӣ мондани омилҳои ноамнӣ, ба чунин машқҳо идома бахшида мешавад», – қайд кард Шералӣ Мирзо.
Вазири мудофиаи Тоҷикистон мураттабии амалиёти муштараки Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД-ро дар тамрингоҳи «Ҳарбмайдон» дар сатҳи баланд арзёбӣ намуд.
Дабири кулли СААД Николай Бордюжа таъкид дошт, ки вазъи мавҷуда дар Афғонистон, ки ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хатар эҷод мекунад, ба баргузор намудани тамринҳои муштараки Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД дар наздикии марз бо ин кишвар боис гардид. «Размоишҳо дар тамрингоҳи «Ҳарбмайдон» гувоҳи онанд, ки кишварҳои узви СААД ба ҳама гуна ҷараёну сурат гирифтани вазъ дар минтақа омодаанд», – афзуд дабири кулли Созмон.



