Ш.Мирзо: Кишварҳои СААД ба ҳама гуна таҳдидҳо истодагарӣ карда метавонанд

Аз рӯйи натиҷаҳои ба итмом расидани санҷиши ҳолати омодабоши ҷангии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки аз 13 то 21 май дар қаламрави машқгоҳи «Ҳарбмайдон» ҷараён доранд, вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенат Шералӣ Мирзо имрӯз ба журналистон изҳор намуд, ки тамринҳои доиргардида собит сохтанд, ки кишварҳои узви СААД ба ҳама гуна таҳдиду […]

Аваз Юлдошев



Аз рӯйи натиҷаҳои ба итмом расидани санҷиши ҳолати омодабоши ҷангии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки аз 13 то 21 май дар қаламрави машқгоҳи «Ҳарбмайдон» ҷараён доранд, вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенат Шералӣ Мирзо имрӯз ба журналистон изҳор намуд, ки тамринҳои доиргардида собит сохтанд, ки кишварҳои узви СААД ба ҳама гуна таҳдиду ситезаҷӯиҳои ҷаҳони муосир истодагарӣ карда метавонанд

.

«Тамринҳои муштараки Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон, наздикии марз бо Афғонистон нахустин размоиши бузургмиқёс буда, ман мутмаинам, ки то замони дар марзҳои ҷанубӣ боқӣ мондани омилҳои ноамнӣ, ба чунин машқҳо идома бахшида мешавад», – қайд кард Шералӣ Мирзо.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон мураттабии амалиёти муштараки Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД-ро дар тамрингоҳи «Ҳарбмайдон» дар сатҳи баланд арзёбӣ намуд.

Дабири кулли СААД Николай Бордюжа таъкид дошт, ки вазъи мавҷуда дар Афғонистон, ки ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хатар эҷод мекунад, ба баргузор намудани тамринҳои муштараки Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД дар наздикии марз бо ин кишвар боис гардид. «Размоишҳо дар тамрингоҳи «Ҳарбмайдон» гувоҳи онанд, ки кишварҳои узви СААД ба ҳама гуна ҷараёну сурат гирифтани вазъ дар минтақа омодаанд», – афзуд дабири кулли Созмон. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.