Собиқ сухангӯи президент «Таърихи Русия» барои муҳоҷиронро таҳия намуд

Ба китобхонаву мағозаҳои китоби Тоҷикистон дастури таълимии нави «Таърихи Русия» барои муҳоҷирони кории тоҷик ворид гардид, ки аз ҷониби номзади улуми фалсафа, сармушовири дастгоҳи ёвари президенти ҶТ оид ба робитаҳои хориҷӣ ва собиқ сухангӯи сарвари давлат Зафар Сайидзода таҳия шудааст. Ба андешаи муаллиф, дастури таълимӣ барои омӯзиши мустақилонаи таърихи Русия аз замони қадим то давраи […]

Аваз Юлдошев



Ба китобхонаву мағозаҳои китоби Тоҷикистон дастури таълимии нави «Таърихи Русия» барои муҳоҷирони кории тоҷик ворид гардид, ки аз ҷониби номзади улуми фалсафа, сармушовири дастгоҳи ёвари президенти ҶТ оид ба робитаҳои хориҷӣ ва собиқ сухангӯи сарвари давлат Зафар Сайидзода таҳия шудааст.

Ба андешаи муаллиф, дастури таълимӣ барои омӯзиши мустақилонаи таърихи Русия аз замони қадим то давраи муосир пешбинӣ шуда, ҳадаф аз таҳияи он кумак ба муҳоҷирони кории тоҷик барои огаҳӣ пайдо кардан аз маълумоти оддӣ дар бораи таърих ва фарҳанги Русия аст.

Таҳиягар дар заминаи истифода аз ҳаҷми зиёди адабиёт кӯшиш ба харҷ додааст, ки роҷеъ ба таърихи ин кишвар ҳари бештар маълумот гирд оварда, мазмуну мундариҷаи онро дар шакли бештар мухтасар ва мувофиқи имкон бо забону соддаву фаҳмо баён созад.

Сайидзода қайд мекунад, ки ҳангоми таҳияи дастури таълимии мазкур ӯ аз қисматҳои матнҳои дар ихтиёри худаш қарордошта ва маводи илмии муаррихони Русия, ки бо нуктаи назари ӯ мутобиқанд, истифода кардааст.

Ба андешаи нависандаи тоҷик Абдувоҳид Ғаффорӣ, дастури таълимии нашршударо метавон «Таърихи Русия барои дӯстдорони Русия» низ номид. «Муаллиф ба ҳеҷ ваҷҳ ба эҳсосот дода намешавад, танҳо рӯҳияи шахсонеро ифода мекунад, ки Русия барояшон хонаи дуюм шудаасту онҳо дар ин ҷо паноҳгоҳу умеде дарёфта, барои кору таъмини рӯзгор имкон пайдо кардаанд», – иброз дошт А.Ғаффорӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.