Иҷозаи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба ВМКБ

Кумитаи ҷаввонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ медиҳад, ки қарори манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки санаи 15 май бинобар сабаби вазъи ноамн дар минтақаи наздимарзӣ бо Афғонистон ҷорӣ гардида буд, бекор карда шуд. Намояндаи Кумита Наврӯз Қурбонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба хотири […]

Мавзуна Абдуллоева



Кумитаи ҷаввонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ медиҳад, ки қарори манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки санаи 15 май бинобар сабаби вазъи ноамн дар минтақаи наздимарзӣ бо Афғонистон ҷорӣ гардида буд, бекор карда шуд.

Намояндаи Кумита Наврӯз Қурбонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба хотири таъмини амнияти сайёҳон чанд рӯз қабл додани иҷозатнома ба шаҳрвандони хориҷӣ барои боздид аз ВМКБ

муваққатан манъ гардида,

акнун дубора барқарор шуд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи ҳафтаи гузашта дар робита ба ноамн будани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии кишвари ҳамсояи Афғонистон, додани иҷозатномаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ барои боздид аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон қатъ шуда буд.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар минтақаи наздимарзии Афғонистон миёни ҳукумати расмӣ ва гурӯҳҳои тундрав, ки минтақаро ишғол карданианд, набардҳои шадиди мусаллаҳона ҷараён доранд.

Дар ин робита Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар дар марз бо Афғонистон 

хатти дуюми мудофиаро 

ташкил намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.