Субҳи рӯзи 18 май дар майдони сохтмони манзили баландошёна дар Бузулуки вилояти Оренбург ҷасади шаҳрванди 52-солаи Тоҷикистон дарёфт шуд. Дар ин бора ВАО-и Русия бо такя ба
кумитаи тафтишоти
ин вилоят хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, тибқи маълумоти пешакӣ, ин мард қаблан дар сохтмони ҳамин манзил машғули кор буда, вале ба иншооти дигар гузаронида шуда будааст. Ӯ қарздор буда, ахиран имкон надоштааст, ки онро пардохт намояд.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон ҷиҳати муайян кардани тамоми ҳолатҳои ҳодисаи мазкур санҷишҳо ҷараён дошта, ҷасади мард барои таҳқиқи сабабҳои марг ба мурдахона (морг) мунтақил шудааст.



