Билети қатораҳо ба самти Русия арзон шуд

Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» эълон кард, ки билети қатораҳо дар хатсайрҳои Душанбе – Маскав ва Хуҷанд – Маскав арзон шуд. Аз корхонаи воҳиди «Ҳамлу нақли мусофирон»-и Идораи роҳи оҳан ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид бо раҳбарияти мақомоти роҳи оҳани кишварҳое, ки қатораҳои Тоҷикистон марзи онҳоро убур […]

Пайрав Чоршанбиев



Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» эълон кард, ки билети қатораҳо дар хатсайрҳои Душанбе – Маскав ва Хуҷанд – Маскав арзон шуд.

Аз корхонаи воҳиди «Ҳамлу нақли мусофирон»-и Идораи роҳи оҳан ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид бо раҳбарияти мақомоти роҳи оҳани кишварҳое, ки қатораҳои Тоҷикистон марзи онҳоро убур мекунанд, чунин тасмим гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, нархи билети қатораи хатсайри Душанбе – Маскав то 1 ҳазору 350 сомонӣ ва хатсайри Хуҷанд – Маскав то 1 ҳазору 280 сомонӣ кам шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар бораи тахфиф (кам кардани нарх) низ қарор қабул шудааст, ки мусофирони имконпазири Идораи роҳи оҳан метавонанд аз он истифода кунанд ва андозаи тахфиф ба ҷой дар вагон ва муҳлати харидани билет вобаста аст.

Масалан, зимни харидории билет ба хатсайри Душанбе – Маскав 45-31 рӯз пештар аз ба сафар баромадани қатора, ба маблағи то 580 сомонӣ аз арзиши аслии билет, 30-21 рӯз пештар – то 515 сомонӣ, 20-6 рӯз пештар – то 490 сомонӣ ва 5 рӯз пештар то сафари қатора – то 270 сомонӣ тахфиф пешбинӣ гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, барои мусофирони қатораи хатсайри Хуҷанд – Маскав тахфифҳои зерин пешбинӣ шудаанд: барои харидории билет 45-31 рӯз пештар – то 560 сомонӣ, 30-21 рӯз пештар – то 500 сомонӣ, 20-11 рӯз пештар – то 470 сомонӣ, 10-6 рӯз пештар – то 340 сомонӣ ва 5 рӯз пештар то ба роҳ баромадани қатора – то 255 сомонӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.