Истеъфои Ҳафиз Холиқзода ва муовини ӯ

Директори маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон Ҳафиз Холиқзода (Бобоёров) ва муовини ӯ Шодӣ Атоӣ истеъфо доданд. Холиқзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои машғул шудан ба корҳои илмӣ, ду ҳафта қабл чунин тасмим гирифта шудааст. «Мо ҳамзамон кормандони Пажуҳишгоҳи фалсафа низ мебошем, аз ин рӯ, назди […]

Меҳрангез Турсунзода



Директори маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон Ҳафиз Холиқзода (Бобоёров) ва муовини ӯ Шодӣ Атоӣ истеъфо доданд. Холиқзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои машғул шудан ба корҳои илмӣ, ду ҳафта қабл чунин тасмим гирифта шудааст.

«Мо ҳамзамон кормандони Пажуҳишгоҳи фалсафа низ мебошем, аз ин рӯ, назди интихоб қарор доштем ва интихоб ба нафъи илм сурат гирифт», – қайд кард Ҳ.Холиқзода.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Маркази таҳти раҳбарии Холиқзода қарордошта Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба созмони террористии Давлати исломии Ироқу Шом ҳамсон дониста буд.

Чанде пештар ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ ва омӯзгори ин муассисаи таълимӣ Холмаҳмади Самеъ бо интишори муроҷиат дар сомонаи расмии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки барои хизматҳои шоёну арзанда назди мардум, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешвои миллат эълон карда шавад, аммо Маркази зикршуда мухолифи ин пешниҳод садо баланд карда, изҳор дошт, ки ин ба арзишҳои демократӣ созгор нест ва «пешвоён маъмулан дар сохти давлатдории қавмӣ, подшоҳӣ (монархӣ) ва теократӣ (динӣ) амал мекунанд».

«Дар ҷомеаи демократӣ президент мақоми олӣ аст, ки сохти конститутсиониро таъмин намуда, кафили муносибатҳои ҳуқуқӣ аст. Дар давлати демократӣ аз мақоми президент дигар мақоми болотаре нест», – изҳор дошта буданд он замон дар марказ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.