Толибон ба марзҳои Тоҷикистон хеле наздик шуданд

Гурӯҳҳои ҷудогонаи террористон дар дурии якчанд километр аз марзи Тоҷикистон қарор дошта, дар минтақаҳои осебпазири марз хатти дуюми мудофиаи ташкил карда шуд. Хабаргузории ТАСС бо такя ба намояндаи хадамоти махсуси Тоҷикистон дар ин робита менависад, гурӯҳҳои мусаллаҳи Толибон қариб 80%-и қаламрави музофоти Бадахшони Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, таҳти назорат гирифтаанд. «Айни замон дар […]

ASIA-Plus



Гурӯҳҳои ҷудогонаи террористон дар дурии якчанд километр аз марзи Тоҷикистон қарор дошта, дар минтақаҳои осебпазири марз хатти дуюми мудофиаи ташкил карда шуд.

Хабаргузории ТАСС бо такя ба намояндаи хадамоти махсуси Тоҷикистон дар ин робита менависад, гурӯҳҳои мусаллаҳи Толибон қариб 80%-и қаламрави музофоти Бадахшони Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, таҳти назорат гирифтаанд.

«Айни замон дар самтҳои Бадахшон ва Панҷи марз даргириҳо ҷараён дошта, гурӯҳҳои ҷудогонаи террористон ба марзҳои Тоҷикистон хеле наздик шуданд, ки боиси нигаронии Душанбе аст», – иброз доштааст манбаъ.

Тибқи маълумоти иктишофӣ, ин гурӯҳҳои тундгаро замоне дар минтақаи ба истилоҳ қавмҳо дар Вазиристони Шимолии Покистон қарор дошта, нерӯҳои артиши Покистон онҳоро ба Афғонистон берун кардаанд.

«Тибқи ин маълумот, толибон алҳол нияти убури марзи давлатии Тоҷикистонро надоранд, вале ба ҳар ҳол, ба сифати тадбирҳои боздоранда дар минтақаҳои ҷудогонаи осебпазир аз ҳисоби воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ хатти дуюми мудофиа ташкил карда шуд», – гуфтааст манбаъи хабаргузорӣ.

Ӯ дар ҳайати ин дастаҳои ҷиноятпеша ҳузур доштани ҷонибдорони гурӯҳи «Давлати исломӣ», аз ҷумла намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин баъзе давлатҳои Аврупои Ғарбиро аз эҳтимол дур надонистааст.

«Мо бодиққат вазъи фавриро пайгирӣ дошта, ба ҳама гуна сурат гирифтани он омодаем ва дар ҳамин ҳол, ба дастгирии Нерӯҳои дастаҷамъонаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) низ умедворем», – қайд кардааст намояндаи хадамоти махсуси Тоҷикистон.

Номбурда ҳамчунин изҳор доштааст, ки «айни замон дар минтақаи марз бо Афғонистон дар доираи санҷиши ногаҳонии ҳолати омодабоши ҷангии Нерӯҳои зудамали СААД ва размоишҳои минбаъдаи зиддитеррористӣ воҳидҳо ва техникаи ҳарбии Нерӯҳои зудамали СААД интиқол дода шудаанд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар машварати котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД дар шаҳри Хуҷанд масоили марбут ба таъмини амният дар минтақа ва ҳамчунин вазъ дар Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд.

Қаблан дар ин робита хабар дода будем, ки фаъолони музофоти Бадахшони Афғонистон ҳукуматдорони кишварро огоҳ карданд, ки агар қаламрави

музофоти Бадахшонро аз террористон пок насозанд,

пас ҳамаро талаф хоҳанд дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.