Дар рейтингии ҷаҳонии дзюдо гуштигири тоҷик Комроншоҳи Устопириён то зинаи 12-ум боло баромад.
Аз Федератсияи миллии дзюдои Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки пас аз Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Кувайт намояндагони ин навъи гуштии Тоҷикистон мавқеъҳои худ дар рейтинги ҷаҳонии дзюдоро беҳтар карданд.
Ҳамин тариқ, Комроншоҳи Устопириён (вазни то 90 кило) аз зинаи 16 то 12-ум, Саидҷалол Саидов (вазни то 100 кило) аз зинаи 129 то 50-ум ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов аз мақоми 63 то 59-ум ба боло бурдани мавқеъҳои худ ноил гардиданд.
Ёдрас мекунем, ки дзюдочиёни тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов ба дарёфти
медалҳои биринҷии Чемпионати Осиё
оид ба дзюдо дар Кувайт ноил гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки Чемпионати Осиё мусобиқаест, ки дар он метавон барои иштирок дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро имтиёзҳои зарурӣ ба даст овард. Зинае, ки айни замон Устопириён дар рейтинги ҷаҳонии дзюдро ишғол мекунад, ба ӯ барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ҳуқуқ медиҳад.



