Субҳи имрӯз 20 майи соли ҷорӣ соати 08:31 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, маркази заминларза дар 120 километрии шимолу ғарби шаҳри Душанбе, дар ноҳияи Рашт арзёбӣ мешавад.
Тибқи маълумоти пешакӣ, иқтидори заминларза дар маркази он – 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил додааст.
Дар бораи хисороти расида аз заминларза ва талафоти ҷонӣ бар асари он алҳол маълумот дастрас нест.



