Хадамоти махсус: Маълумоти боздошти фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон дар Туркия дурӯғ аст

Маълумоти қаблан аз ҷониби баъзе васоити ахбори умуми ватаниву хориҷӣ интишоршуда бо такя ба хабаргузории TojNews дар бораи боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудани фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ДТММ) ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов дурӯғ аст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» якчанд манбаъҳо аз хадамоти махсуси Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ба […]

ASIA-Plus



Маълумоти қаблан аз ҷониби баъзе васоити ахбори умуми ватаниву хориҷӣ интишоршуда бо такя ба

хабаргузории TojNews

дар бораи боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудани фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ДТММ) ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов дурӯғ аст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» якчанд манбаъҳо аз хадамоти махсуси Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи онҳо, айни замон макони мушаххаси будубоши фармондеҳи ахири моҳи апрел бедаракшудаи ОМОН муайян карда нашудааст. «Якчанд фарзияҳои бедаракшавии Г.Ҳалимов мавриди таҳқиқ қарор дорад, ки миёни онҳо эҳтимоли робита доштани ӯ бо ДИИШ низ ҷой дорад», – гуфтанд сарчашмаҳои хабар.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоте, ки хабаргузории «Азия-Плюс» дар ихтиёр дорад, бинобар сабаби мавҷуд набудани маълумот дар бораи макони будубоши фармондеҳи ОМОН, парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ то ҳол боз нашуда буд.

Тавре 

қаблан иттилоъ дода будем

, фармондеҳи ДТММ)-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов аз аввали моҳи май ба кор намеояд ва макони будубоши ӯ низ ба касе маълум набуд. Хешону наздиконаш низ аз макони будубоши ӯ огаҳӣ надоштанд.

Ба «Азия-Плюс» муяссар гардида буд, ки аз сохторҳои қудратӣ ва наздикону шиносҳои ӯ огаҳӣ пайдо намояд, ки Г.Ҳалимов ахиран тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи фаъолияти Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), андешаву афкор ва воҳидҳои ҷангии он маълумоти муфасал ҷамъоварӣ намудааст.

«Ӯ ба мутаассиб (фанатик)-и ДИИШ табдил ёфта, миёни наздикону атрофиёнаш ба паҳн кардани андешаву ғояҳои ин созмони террористӣ шурӯъ намуд. Насиҳату тавсияҳои мо оид ба бемаънӣ будани ҳамроҳшавӣ ба ДИИШ-ро бо асабоният рад мекард», – гуфта буд як шиноси ӯ, ки нахост номаш ифшо гардад.

Тибқи маълумоти сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, Г.Ҳалимов як гурӯҳи худ иборат аз 10 нафарро, ки ҳама сокинони Тоҷикистон ва асосан бекорон мебошанд, ҷамъоварӣ намуда, рӯзи 1-уми май тариқи ҳавопаймо ба Маскав раҳипор шудааст ва аллакай рӯзи 2 май ӯро дар фурудгоҳи байнулмилалии «Шереметево»-и Маскав дидаанд.

Ба тахмини манбаъ дар сохторҳои қудратӣ, барои ҷалби ҳар кадоме аз ҷангиён ба полковники тоҷик маблағи зиёди пулӣ ваъда кардаанд.

Қобили зикр аст, ки Гулмурод Ҳалимов ҳудуди се сол пеш фармондеҳи ДТММ ё худ ОМОН-и  ВКД Тоҷикистон таъин гардида, барои хизмати намунавӣ бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.