Хисороти заминларза ба чанде аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ



Заминларзае, ки субҳи рӯзи 20 май бо иқтидори 6 балл

дар қаламрави Тоҷикистон рух дод

, ба чанде аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ хисорот ба бор овард.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ноҳияи Тавилдара бар асари зилзила дар деворҳои 2 мактаби таҳсилоти умумӣ ва 1 манзил, дар шаҳраки Оби Гарм ва шаҳри Роғун дар деворҳои 19 синфи мактаб ва 2 ҳуҷраи корӣ тарқишҳо пайдо шудаанд. «Тибқи хулосаи комиссияҳои маҳаллии ҳолатҳои фавқулода, дар ин биноҳои тарқишдошта идомаи машғулиятҳо ва иқомат имконпазир ва бехатар аст», – иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи Балҷувон дар натиҷаи офат дар девори биноҳои 2 синф ва дар деҳаи Қозиёни ҳамин ноҳия аз фаромадани ярч дар деворҳои 20 манзили зисти сокинон тарқишҳо пайдо шудаанд.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ, оқибатҳои офати табиӣ ба ин миқёс аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ бартараф карда мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное