Хисороти заминларза ба чанде аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Заминларзае, ки субҳи рӯзи 20 май бо иқтидори 6 балл дар қаламрави Тоҷикистон рух дод , ба чанде аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ хисорот ба бор овард. Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ноҳияи Тавилдара бар асари зилзила дар деворҳои 2 мактаби таҳсилоти умумӣ ва 1 манзил, […]

Аваз Юлдошев



Заминларзае, ки субҳи рӯзи 20 май бо иқтидори 6 балл

дар қаламрави Тоҷикистон рух дод

, ба чанде аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ хисорот ба бор овард.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ноҳияи Тавилдара бар асари зилзила дар деворҳои 2 мактаби таҳсилоти умумӣ ва 1 манзил, дар шаҳраки Оби Гарм ва шаҳри Роғун дар деворҳои 19 синфи мактаб ва 2 ҳуҷраи корӣ тарқишҳо пайдо шудаанд. «Тибқи хулосаи комиссияҳои маҳаллии ҳолатҳои фавқулода, дар ин биноҳои тарқишдошта идомаи машғулиятҳо ва иқомат имконпазир ва бехатар аст», – иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи Балҷувон дар натиҷаи офат дар девори биноҳои 2 синф ва дар деҳаи Қозиёни ҳамин ноҳия аз фаромадани ярч дар деворҳои 20 манзили зисти сокинон тарқишҳо пайдо шудаанд.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ, оқибатҳои офати табиӣ ба ин миқёс аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ бартараф карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.