Боздиди сафирони Фаластин, Туркия ва Эрон аз ВКХ Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 20 майи соли равон сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳониро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷониба, масъалаҳои тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо ва ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, ба хусус СММ […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 20 майи соли равон сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳониро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷониба, масъалаҳои тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо ва ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, ба хусус СММ ва СҲИ баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин дар атрофи рушди вазъият дар Ховари Наздик ва зарурати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва дигар чолишҳои амнияти минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар сурат гирифт.

Ҳамчунин рӯзи 20 май муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Кевин Алленро ба ҳузур пазируфта, дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи фаъолияти UNHCR дар Тоҷикистон дар самти таъмини ҳимоя ва расонидани кӯмак ба паноҳандагон ва паноҳҷӯён дар кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз Низомиддин Зоҳидӣ ҳамчунин бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуло Фағонӣ низ дидору гуфтушунид карда, дар рафти суҳбат масоили марбут ба раванди ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии байни ду кишвар, ҳамчунин масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Меҳмет Мунис Дирик дар ҳамин рӯз масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳо бо иштироки Дафтари ҳамоҳангсози Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия (ТIКА) дар Душанбе ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.