ҲХДТ аз интихоботи парлумонӣ натиҷагирӣ мекунад



Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон рӯзи 28 май дар ҷаласаи президиуми Кумитаи марказии иҷрояи ҳизб аз интихоботи санаи 1 март баргузоршуда ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ натиҷагирӣ мекунад.

Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи президиум сабабҳои ба нокомӣ дучор гардидани номзадҳои пешбаришудаи ҳизб дар ҳавзаҳои интихоботии ҷудогона ҳам дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳам дар сатҳи интихоботи маҳаллӣ мавриди таҳлил қарор мегиранд.

«Президуми Кумитаи марказии иҷроияи ҲХДТ дар бораи бартараф кардани камбудиҳое, ки ба ғолиб нашудани бархе аз намояндагони ҳизб дар интихобот боис гардиданд, қарор қабул мекунад», – таъкид дошт Солиев.

Ёдрас мекунем, ки дар интихобот ба палатаи поёнии парлумон, ки санаи 1 март доир гардид, дар 35 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ намояндагони ҲХДТ пирӯз шуда, аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ 16 нафар аъзои ҲХДТ ба парлумон гузаштанд ва ҳамин тариқ, аз 63 курсии парлумон 51 курсӣ насиби ин ҳизб шуд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд. 

spot_imgspot_img

Популярное