Маҷлиси умумии солонаи ҶСК «НБО Роғун» дар Душанбе

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҷлиси навбатии умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун» доир мегардад. Тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, рӯзномаи маҷлис аз 9 масъала, аз ҷумла ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибавии ҶСК «НБО Роғун» иборат аст. Дар маҷлис ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар соли 2014, хулосаи аудитори ҶСК «НБО Роғун» барои […]

Пайрав Чоршанбиев



Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҷлиси навбатии умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун» доир мегардад.

Тибқи

маълумоти

Вазорати молияи Тоҷикистон, рӯзномаи маҷлис аз 9 масъала, аз ҷумла ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибавии ҶСК «НБО Роғун» иборат аст.

Дар маҷлис ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар соли 2014, хулосаи аудитори ҶСК «НБО Роғун» барои солҳои 2013-2014 ва ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҶСК «НБО Роғун» дар соли 2014 низ шунида мешаванд.

Ҳамчунин дар маҷлиси умумии солонаи саҳҳомон ҳамчунин масъалаҳои зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҶСК «НБО Роғун» низ баррасӣ мешаванд.

Дар ҷараёни маҷлис интихоби аъзои Шӯрои нозирон, аъзои Комиссияи тафтишотӣ, интихоби аъзои Комиссияи баҳисобгирии Ҷамъият ва Тасдиқи аудитори ҶСК «НБО Роғун» дар соли 2015 ва пардохти подошпулии он дар назар аст.

Дар кори маҷлис бар асоси бақайдгирии рӯзҳои 20-21-уми май доиргардида танҳо саҳҳомони Ҷамъият иштирок мекунанд.

Қобили зикр аст, ки маҷлиси умумии нахустини солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО «Роғун» 26-уми майи соли 2011 ва маҷлиси ахири саҳҳомони он 

28-уми июни соли гузашта 

баргузор гардид.

Моҳи январи соли 2010 дар Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НБО «Роғун» оғоз гардид. Ба суратҳисоби ҷамъият, ки дар Вазорати молия ва бонкҳои ҷумҳурӣ кушода шуданд, аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои онҳо 804,7 млн. сомонӣ ва ба сифати кӯмаки молиявӣ 28,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид. Шумори мушаххаси саҳҳмони ҶСК «НБО Роғун» алҳол ифшо намешавад.

Маъракаи фурӯши кушоди саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» баъди он оғоз гардид, ки Тоҷикистон барои маблағгузории идомаи сохтмони он сармоягузор пайдо накард. Маблағи умуми сармоягузорӣ барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳ – 2,2 млрд. доллари ИМА ва навбати аввали он – 590 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи Роғун аз соли 2009 чандин маротиба ба муҳлати дигар мавқуф гузошта шуд ва имрӯз ҳам маълум нест, ки кай сохтмони иншоот оғоз мегардад. Дар сурати амалисозии лоиҳа, сарбанди нерӯгоҳи Роғун баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Роғун» – 3600 МВт ва истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқи он – 13,1 млрд. кВт/соатро ташкил хоҳад дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.