ҲХДТ аз интихоботи парлумонӣ натиҷагирӣ мекунад

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон рӯзи 28 май дар ҷаласаи президиуми Кумитаи марказии иҷрояи ҳизб аз интихоботи санаи 1 март баргузоршуда ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ натиҷагирӣ мекунад. Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи президиум сабабҳои ба нокомӣ дучор гардидани номзадҳои пешбаришудаи ҳизб дар ҳавзаҳои интихоботии […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон рӯзи 28 май дар ҷаласаи президиуми Кумитаи марказии иҷрояи ҳизб аз интихоботи санаи 1 март баргузоршуда ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ натиҷагирӣ мекунад.

Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи президиум сабабҳои ба нокомӣ дучор гардидани номзадҳои пешбаришудаи ҳизб дар ҳавзаҳои интихоботии ҷудогона ҳам дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳам дар сатҳи интихоботи маҳаллӣ мавриди таҳлил қарор мегиранд.

«Президуми Кумитаи марказии иҷроияи ҲХДТ дар бораи бартараф кардани камбудиҳое, ки ба ғолиб нашудани бархе аз намояндагони ҳизб дар интихобот боис гардиданд, қарор қабул мекунад», – таъкид дошт Солиев.

Ёдрас мекунем, ки дар интихобот ба палатаи поёнии парлумон, ки санаи 1 март доир гардид, дар 35 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ намояндагони ҲХДТ пирӯз шуда, аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ 16 нафар аъзои ҲХДТ ба парлумон гузаштанд ва ҳамин тариқ, аз 63 курсии парлумон 51 курсӣ насиби ин ҳизб шуд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.