Шоҳзода Оғо Хони IV ба наздикӣ ба Тоҷикистон меояд

Пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон волоҳазрат шоҳзода Оғо Хони IV моҳҳои наздик аз минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон низ боздид мекунад. Дар ин бора шоҳзода Оғо Хони IV дар мактуби табрикиаш ба нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев ба муносибати ба ин мансаб таъин шуданаш хабар дода, зикр намудааст, ки моҳҳои наздик ӯ ба Осиёи Марказӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



Пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон волоҳазрат шоҳзода Оғо Хони IV моҳҳои наздик аз минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон низ боздид мекунад.

Дар ин бора шоҳзода Оғо Хони IV дар

мактуби табрикиаш

ба нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев ба муносибати ба ин мансаб таъин шуданаш хабар дода, зикр намудааст, ки моҳҳои наздик ӯ ба Осиёи Марказӣ омада, бо ҷараёни корҳои сохтмони маҷмааҳои зисти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин (Қирғизистон), Хоруғ (Тоҷикистон) ва Текели (Қазоқистон) шинос мешавад.

Ёдрас мекунем,ки бори охир шоҳзода Оғо Хони  IV аввали моҳи апрели соли 2012 бо сафари якрӯза ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Моҳи ноябри соли гузашта сафари ӯ ба Тоҷикистон дар нақша буд, вале он сурат нагирифт.

Шоҳзода Оғо Хони IV муассис ва сарпарасти лоиҳаҳои сершумори хайрия аст, ки дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои пасошӯравии минтақаи Осиёи Марказӣ амалӣ мешаванд. Таҳти раҳбарии ӯ созмони Aga Khan Development Network  амал мекунад, ки дар доираи он як қатор муассисаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва маърифативу фарҳангӣ фаъолият доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.