Шабдолов: Тоҷикистон ба танҳоӣ муддати ҳазор сол ҳам нерӯгоҳи Роғунро сохта наметавонад

– Тоҷикистон яккаву танҳо муддати ҳазор сол ҳам нерӯгоҳи Роғунро сохта наметавонад ва он пешгӯиҳо, ки барои амалисозии лоиҳаи чунин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ  беш аз 2 млрд. доллари ИМА маблағ зарур аст, иштибоҳанд, – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» энергетики касбӣ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов. Тибқи ҳисобу китоби ӯ, барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи […]

Аваз Юлдошев



– Тоҷикистон яккаву танҳо муддати ҳазор сол ҳам нерӯгоҳи Роғунро сохта наметавонад ва он пешгӯиҳо, ки барои амалисозии лоиҳаи чунин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ  беш аз 2 млрд. доллари ИМА маблағ зарур аст, иштибоҳанд, – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» энергетики касбӣ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов.

Тибқи ҳисобу китоби ӯ, барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун айни замон ҳадди ақал 6 млрд. доллари ИМА зарур аст, зеро нархҳо ба масолеҳ ва таҷҳизоти ин соҳа тайи солҳои ахир бамаротиб боло рафтааст.

«Дар ҳолати мавҷуда Тоҷикистонро зарур аст, ки бо иштироки Русияву Беларус ва Қазоқистону Қирғизистон консорсиуми минтақавӣ оид ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро таъсис бидиҳад ва дар ҳамин ҳол, 51%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ бояд дар ихтиёри ҳукумати кишвар нигоҳ дошта шавад», – қайд кард Шабдолов.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки энергетикҳои касбии Ӯзбекистон аҳамияти нерӯгоҳи Роғун барои минтақаро дарк мекунанд ва дар суҳбатҳи алоҳида аз сохтмони он дастгирӣ мекунанд. Ғайр аз ин, бисёре аз энергетикҳои кишвари ҳамсоя аз манфиат холӣ набудани барқарор намудани низоми ягонаи минтақавии энергетикиро низ мефаҳманд.

«Агар Тоҷикистон имрӯз бидуни сиёсикунии масъала аҳамияти сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ба Ӯзбекистон фаҳмонида тавонаду ӯро ба харидории саҳмияҳои нерӯгоҳ муътақид созад, кишвари ҳамсоя ба ҳуқуқи танзими истеҳсоли барқи нерӯгоҳи Роғун ва ҳамчунин захираҳои обии лоиҳа ҳамчун саҳмдор соҳиб мешавад», – мегӯяд раиси ҲКТ.

Шабдолов мутмаин аст, ки дар сурати ба созиш расидани Тоҷикистону Ӯзбекистон сари масъалаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ба амалисозии лоиҳа Чин ҳам ҳамроҳ шуда метавонад, ки 5-6 млрд. доллари ИМа барои ин кишвар чандон мабалғи зиёде нест. Айни замон барои нигоҳ доштани муносибатҳои хуб бо кишварҳои содиркунандаи газ дар Осиёи Марказӣ, Чин ба амалисозии лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун ҳамроҳ шуда наметавонад.

«Ба ҳеҷ ваҷҳ ба харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун «даррандагоне» чун Бонки ҷаҳониву Хазинаи байнулмилаии асъорро роҳ додан лоим нест, зеро онҳо бо Тоҷикистон ҳам метавонанд тибқи варианти украинӣ рафтор кунанд: онҳо бо қарзҳои худ аввал низоми энергетикии Украинаро ба муфлисӣ расонида, акнун онро бо нархи ночиз хариданианд», – афзуд Шабдолов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.