Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҷлиси навбатии умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун» доир мегардад. Оғоз соати 09-30;

– Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоишномаи балети маъруфи «Жизел» баргузор мешавад. Оғоз соати 18-00.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.2772

сомонӣ;


1

евро –

7.0128

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1


308



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1992

– Роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Герсогии Бузурги Люксембург.


2009

— Дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и Душанбе ҳамоиши нахустини соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баргузор шуд.


1936

– Зодрӯзи фолклоршинос Салоҳиддин Фатҳуллоев.


1942-1982

– Мавлуди ҳунарманди рақси балет, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Малика Собирова.


1944

– Зодрӯзи доктори илмҳои педагогӣ, профессор Саидбой Шербоев.


1947

— Зодрӯзи Сафар Сафаров, муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.


1949-2009

– Зодрӯзи журналист Абдулхай Саидов.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +21+26.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +13+18.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +21+26; дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +10+15.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +18+23.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +27+29.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +30+32.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +29+31.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +21+23.

spot_imgspot_img

Популярное