Русия боз як ҷинояткори эҳтимолиро ба ихтиёри Тоҷикистон супурд



Русия шаҳрванди Тоҷикистон Парвиз Некмаҳмадови 30-оларо ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидан барои муомилоти ғайриқонунии силоҳ истирдод ва ба ихтиёри мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон супурд.

Прокуратураи шаҳри Маскав дар шарҳи ин хабар

менависад

, П.Некмаҳмадов барои нигаҳдорӣ ва бо худ доштани силоҳу муҳимот аз соли 2012 мавриди ҷустуҷӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон қарор дошт.

Ӯ бо он айбдор мешавад, ки дар давраи аз моҳи декабри соли 2011 то моҳи январи соли 2012 дар Душанбе бо маслиҳати пешакӣ бо як гурӯҳи шахсон ғайриқонунӣ ду таппончаи «Макаров» бо 15 тир барои онҳоро ғайриқонунӣ харидорӣ карда, бо худ нигоҳ медошт.

Гуфта мешавад, моҳи сентябри соли 2014 Некмаҳмадови дар пайгарди байнидавлатӣ қарордошта аз ҷониби кормандони Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав дар қаламрави Ҳавзаи маъмурии ҷанубии пойтахт боздошт шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное