Маркази оташнишонии ФБД сӯхтор дар манзили зистро хомӯш кард



Нимаи рӯзи 25 май ба бунгоҳи марказии сӯхторнишонии Фурудгоҳи байналмилалии   Душанбе (ФБД) аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе телефонӣ хабар доданд, ки дар кӯчаи «Аэропорт» хонаи рақами 14, ки дар наздикии боғчаи кӯдаконаи «Кайҳон» ҷойгир аст, сӯхтор сар задааст. Соати 13.55 дастаи сӯхторнишонии фурудгоҳи Душанбе бо як адад мошини сӯхторнишонӣ ба роҳ баромада, соати 13.59 дар ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳммадюсуф Шодиев хабар дод, маълум гардидааст, ки дар  бинои истиқоматии рақами 14 дар ошёнаи дуюм сӯхтор сар зада алангаи оташ ба ошёнаи сеюм ва боми бино таҳдид менамояд.

Кормандони дастаи сӯхторнишонии фурудгоҳи Душанбе бо чолокии махсус ба хомӯш намудани оташ сар карданд. Дар ҳудуди 10-12 дақиқа маркази сӯхтор муайян ва пурра оташ хомӯш карда шуд. Сӯхторнишонон ҳамчунин алангаи оташро, ки ба ошёнаи сеюм ва боми бино таҳдид мекард, хомӯш намуданд. Дар сӯхтори ба амал омада касе аз истиқоматкунандагон осеб надидааст.

Роҳбарии амалиёти бартараф намудани сӯхторро Сардори дастаи оташнишонии фурудгоҳи Душанбе Муродов Шодӣ ба зимма дошт. Дар амалиёти мазкур як адад мошин ва чор нафар сухторнишон иштирок намуданд.

Бо расида омадани Дастаи сӯхторнишонии Сарраёсати оташнишонии шаҳри Душанбе сӯхторнишонони фурудгоҳи Душанбе ба мавқеи худ баргаштанд.

Аз ҷониби роҳбарияти Сарраёсати оташнишонии шаҳри Душанбе ба кормандони дастаи сӯхторнишонии фурудгоҳи Душанбе миннатдорӣ изҳор карда шуд. Сабабҳои сар задани сӯхтор аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати Хадамоти Давлатии оташнишонии ВКД муайян карда мешавад. 

spot_imgspot_img

Популярное