Маркази оташнишонии ФБД сӯхтор дар манзили зистро хомӯш кард

Нимаи рӯзи 25 май ба бунгоҳи марказии сӯхторнишонии Фурудгоҳи байналмилалии   Душанбе (ФБД) аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе телефонӣ хабар доданд, ки дар кӯчаи «Аэропорт» хонаи рақами 14, ки дар наздикии боғчаи кӯдаконаи «Кайҳон» ҷойгир аст, сӯхтор сар задааст. Соати 13.55 дастаи сӯхторнишонии фурудгоҳи Душанбе бо як адад мошини сӯхторнишонӣ ба роҳ баромада, соати […]

ASIA-Plus



Нимаи рӯзи 25 май ба бунгоҳи марказии сӯхторнишонии Фурудгоҳи байналмилалии   Душанбе (ФБД) аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе телефонӣ хабар доданд, ки дар кӯчаи «Аэропорт» хонаи рақами 14, ки дар наздикии боғчаи кӯдаконаи «Кайҳон» ҷойгир аст, сӯхтор сар задааст. Соати 13.55 дастаи сӯхторнишонии фурудгоҳи Душанбе бо як адад мошини сӯхторнишонӣ ба роҳ баромада, соати 13.59 дар ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳммадюсуф Шодиев хабар дод, маълум гардидааст, ки дар  бинои истиқоматии рақами 14 дар ошёнаи дуюм сӯхтор сар зада алангаи оташ ба ошёнаи сеюм ва боми бино таҳдид менамояд.

Кормандони дастаи сӯхторнишонии фурудгоҳи Душанбе бо чолокии махсус ба хомӯш намудани оташ сар карданд. Дар ҳудуди 10-12 дақиқа маркази сӯхтор муайян ва пурра оташ хомӯш карда шуд. Сӯхторнишонон ҳамчунин алангаи оташро, ки ба ошёнаи сеюм ва боми бино таҳдид мекард, хомӯш намуданд. Дар сӯхтори ба амал омада касе аз истиқоматкунандагон осеб надидааст.

Роҳбарии амалиёти бартараф намудани сӯхторро Сардори дастаи оташнишонии фурудгоҳи Душанбе Муродов Шодӣ ба зимма дошт. Дар амалиёти мазкур як адад мошин ва чор нафар сухторнишон иштирок намуданд.

Бо расида омадани Дастаи сӯхторнишонии Сарраёсати оташнишонии шаҳри Душанбе сӯхторнишонони фурудгоҳи Душанбе ба мавқеи худ баргаштанд.

Аз ҷониби роҳбарияти Сарраёсати оташнишонии шаҳри Душанбе ба кормандони дастаи сӯхторнишонии фурудгоҳи Душанбе миннатдорӣ изҳор карда шуд. Сабабҳои сар задани сӯхтор аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати Хадамоти Давлатии оташнишонии ВКД муайян карда мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.