Анҷоми сафари тӯлонии раиси ҲНИТ ба Аврупо

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, собиқ вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ айни замон дар кори конфронси байнулмилалӣ оид ба масоили муқовимат ба ифротгароӣ дар минтақаи Шарқи Наздик дар Швейтсария ширкат меварзад. Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки баъд аз ин конфронс Кабирӣ аз шаҳри Берлин боздид […]

Аваз Юлдошев



Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, собиқ вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ айни замон дар кори конфронси байнулмилалӣ оид ба масоили муқовимат ба ифротгароӣ дар минтақаи Шарқи Наздик дар Швейтсария ширкат меварзад.

Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки баъд аз ин конфронс Кабирӣ аз шаҳри Берлин боздид хоҳад кард, ки дар он ҷо вохӯрии ӯ дар Вазорати корҳои хориҷии Олмон ва дар шаҳри Дортунд вохӯриаш бо диаспораи тоҷикон дар ин кишвар дар назар аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар идома раиси ҲНИТ дар шаҳри Брюссел бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо оид ба масоили минтақаи Осиёи Марказӣ дидору гуфтушунид мекунад.

Муовини раиси ҳизб ҳамчунин гуфт, аввали ҳафтаи оянда Муҳиддин Кабирӣ ба ватан бармегардад.

Қобили зикр аст, ки пас аз интихоботи санаи 1 марти соли ҷорӣ ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар Тоҷикистон, ки номзадҳои ҲНИТ ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ роҳ наёфтанд, Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар раҳсипор шуда, муддати қариб се моҳ аз кишварҳои гуногун боздид ва дар кори анҷуману конфронсҳои сершумор иштирок кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.