Баррасии таҳдидҳои вобаста ба маводи мухаддири аз Афғонистон бармеомада



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 26 май раиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СААД, директори Хадамоти федералии Русия оид  ба  назорати   гардиши  маводи   нашъаовар  Виктор  Ивановро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни мулоқот масоили марбут ба тақвияту густариши ҳамкории сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Русия дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуда, ба масъалаи тамаркузи талошҳои ҳарду кишвар ва кишварҳои узви СААД алайҳи таҳдидҳои вобаста ба маводи мухаддири аз Афғонистон бармеомада таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

«Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои расонидани кумаки техникӣ ба Агентии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон, омодагии кадрҳо дар ин самт ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар намуданд», – гуфт манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное