Рустами Эмомалӣ 38 корманди Агентии зиддифасодро ба нафақа гусел кард



Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба муносибати ба нафақа гусел намудани 38 нафар кормандони Агентӣ, ки ба синни нафақа расидаанд, ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳҳурӣ, роҳбари ин ниҳод генерал-майори адлия Рустами Эмомалӣ ба кормандони собиқадори мақомот барои содиқона хизмат кардан дар назди халқу Ватан, хизматҳои шоён, тарбияи мутахассисони ҷавон ва саҳми босазо гузоштан дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии давлат  миннатдорӣ изҳор намуда, онҳоро мукофотҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

Гуфта мешавад, аз ҷумла 2 нафар кормандон ба Китоби фахрии Агентӣ дохил карда шуда, 4 нафар бо нишонаи сарисинагии “Аълочии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия” ва 15 нафар кормандон бо “Ифтихорнома”-и Агентӣ мукофонида шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное