Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи рӯзи 29 майи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) субҳи имрӯз ба Қазоқистон раҳсипор шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, дар ҷаласаи мазкур баррасии беш аз 20 лоиҳаи санадҳо оид ба самтҳои гуногуни ҳамкориии кишварҳо дар доираи Иттиҳод дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа масоили амалу тадбирҳои муштараки кишварҳои узви ИДМ дар ҳалли масоили молиявӣ, ҷараёни амалишавии асноди қабулшуда оид ба танзими ҳамкориҳои инноватсионӣ, ҳамкориҳо дар бахшҳои хоҷагии ҷангал ва саноати ҷангал дар даҳсолаи наздик, рақобатпазирии иқтисоди кишварҳо, тадбирҳои ба сатҳи баландтар расонидани ҳамкориҳо ва ба ин васила ноил гардидан ба беҳбуди некӯаҳволии мардум, рушди бозори маҳсулот ва хизматгузорӣ, лоиҳаҳои Консепсияи ҳамкориҳои минтақавӣ ва марзӣ барои давраи то соли 2020 ва Нақшаи чорабиниҳо барои иҷрои он мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Зимнан зикр гардид, ки дар Қазоқистон ҳамчунин дидору гуфтушуниди Қоҳир Расулзода бо чанде аз ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ низ ба нақша гирифта шудааст.



