Зойиров сиёсати кадрии қавмии ҳукуматро танқид кард



Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров назари худ ба қазияи ба сафҳои Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) пайвастани фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (Омон)-и ВКД Тоҷикистонро баён кард.

«Ба андешаи ман, ин фармондеҳ: а) мусулмонест, ки фаҳмиши ба худ хоси ДИИШ-ро дорад; б) дарки моҳияти ДИИШ ва ғояи мубориза барои арзишҳои ислом аз ҷониби ӯ метавонанд ҳам қолабҳои устувор дошта бошанду ҳам ба душвориҳои зиндагӣ вобаста бошанд ва ё бар асоси қарордод сурат гирифта бошанд; в) возеҳ аст, ки бар асоси фаҳмиши худ ӯ бо сиёсати ҳокимияти давлатии ҶТ розӣ нест, яъне ба он ҷо раҳсипор шудани ӯро метавон ҳам аз лиҳози этникиву динӣ ва ҳам аз нигоҳи моддӣ-молиявӣ арзёбӣ намуд», – мегӯяд Зойиров.

«Ғайр аз ин, сиёсати кадрии қавмӣ (хешутаборчигӣ)-и ҳукумат низ истисно нест, кидар он  барои хизматчиён, бахусус дар сохторҳои қудратӣ «равзанае» ба олами рӯшанӣ дида намешавад, яъне ба самти генералу роҳбар шудан. Сиёсати кадрии хешутаборчигӣ, бахусус дар бахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низоми судӣ омили муҳими гумроҳӣ барои хизматчиёни берун аз қавм аст, ки маҷбур мешаванд аз он хулосаҳои даркорӣ бароранд. Фирор танҳо як қисмате аз ин гумроҳӣ ва ҷустуҷӯи роҳи худ дар зиндагӣ аст», – гуфт ӯ.

«Аслан бисёре аз ин афрод ояндаеро барои рушди мустақил ва пешравӣ дар касби мансабҳои баландтарро надида, ба осонӣ аз кор мераванд», – афзуд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное