Сокинони ноҳияи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб, ки собиқ фаромондехи ОМОН ВКД Тоҷикистон он ҷо иқомат дошт, дар шигифт буда, дар бораи ин ҳодиса чизе гуфтан намехоҳанд.
Деҳаи начандон бузурги Дараи Фонӣ дар дараи Варзоб диёри полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов мебошад.
Пас аз нашри муроҷиати видеоии полковник хабарнигори «Азия-Плюс» сӯи ин деҳа роҳ пеш гирифт. Дар роҳ ба деҳа се нафар ҳамдиёрони ӯ ба автомашина нишастанд. Дар ин ҷойҳо ҳама ҳамдигарро мешиносанд ва аз ин рӯ, онҳо аз мо пурсиданд, ки бо чӣ коре ба деҳа сафар дорем, вале чун аз мақсади омдани мо огоҳ шуданд, суҳбатро хотима бахшида, то расидан ба деҳа дигар ҳарфе нагуфтанд ва ҳангоми аз мошин пиёда шудан, ҳатто роҳи хонаи Ҳалимовҳоро ҳам нишон надоданд. Лозим омад, ки аз дигар сокинони деҳа инро бипурсем.
Хонаи Ҳалимовҳо дар ангурзори баландии теппа, дур аз деҳа ҷойгир шудааст. Назди ин хона моро ду нафар пешвоз гирифтанд, ки яке тақрибан 30-солаву дигарӣ наврас буд. Онҳо бо гумону шубҳа ба мо менигаристанд. Вақте аз мақсади омадани мо огоҳ шуданд, нафари калонсол худро ҳамсояи Ҳалимов муаррифӣ намуда, аз мо дархост кард, ки онҳоро ба ҳолашон ором гузошта, аз деҳа равем.
Аз ҳавлии манзили Ҳалимов як шахси калонсоле ба мо бо шубҳаву гумон нигоҳ мекард. Барои бо ҳамсари полконик суҳбат кардан ба мо иҷозат надоданд, ки ба хона ворид шавем: «Ӯ алҳол чизеро намедонад, аз барои Худо, баргардед аз ҷои омадаатон!».
Аз рӯҳияву ҳолати мардум мо дарк кардем, ки касе бо мо суҳбат намекунад, вале ҳангоме ки автомашинаро ба самти роҳи бозгашт баргардонидем, «ҳамсоя» моро боздошту гуфт: «Барои чунин муносибат узр мепурсам, вале алҳол тамоми аҳли оилаи полковник дар шигифтанд. Ҳамсараш худи ҳозир аз деҳаи ҳамсоя, ҷойи зиндагонии падараш баргашт. Мо намедонем, ки чӣ тавр ин хабари шумро ба ӯ расонем». Ӯ ба мо гуфт, ки се-чор рӯз мунтазир мебояд шуд, то ки ҳамааш маълум шавад.
«Ҳамсоя» ҳамчунин ҳикоят кард, ки субҳ онҳо навори видеои муроҷиати Гулмурод Ҳалимовро тамошо кардаанд. «Ба ростӣ, мо худамон аз ин ҳодиса дар шигифтем, аз ин рӯ, ҳозир дар ин бора чизе гуфта наметавонем…».
Мо ба деҳаи Дараи Фонӣ даромадем, то ки аз зиндагиномаи полковник баъзе маъдумотҳо дарёбем, вале одамон мақсади моро фаҳмида, аз суҳбат худро канор мегирифтанд. Маслиҳатамон доданд, ки ду нафар шахсони муҳтарам – директори мактаби маҳаллӣ, ки дар он Гулмурод таҳсил кардааст ва раиси кумитаи маҳаллиро пайдо намоем. Директори мактаб чун савол дар бораи Ҳалимовро шунид, қотеъона сухан гуфтанро рад кард. Раиси кумитаи маҳаллиро мо пайдо карда натавонистем.
Вақти бозгашт мӯйсафеде гуфт: «Дар бораи Ҳалимов чизи баде гуфта наметавонем. Чизеро ҳикоят карланӣ ҳам нестем. Мавсими алафдаравӣ шурӯъ шуд, сипас мавсими дарави гандум ва ангурчинӣ оғоз мегардад. Мо вақте надорем, ки дар бораи сиёсат фикру андешаронӣ кунем…».



