Ҳукумат аъзои нави ҳайати мушовараи ВКД-ро тасдиқ кард

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлиси Ҳукумат нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тасдиқ карда шуд. Низомномаи намунавии Шӯрои нозирони ҷамъияти саҳомӣ ва […]

ASIA-Plus



Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлиси Ҳукумат нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тасдиқ карда шуд.

Низомномаи намунавии Шӯрои нозирони ҷамъияти саҳомӣ ва Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020, Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ тасдиқ гардида, Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ таъсис дода шуд.

Лоиҳаи ду қонун доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати маъдани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкории илмию техникӣ ва Нақшаи генералии маркази ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон тасдиқ гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи босамари санадҳои қабулгардида ва ҳалли дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.