Собиқадори мақомоти амният: Фармондеҳи фирории ОМОН дар ҳамин наздикиҳост

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» собиқадори мақомоти амнияти Иттиҳоди Шӯравӣ, коршиноси масоили омӯзиши терроризми муосир Давлатхӯҷа Назиров изҳор дошт, ки фармондеҳи фирории ОМОН ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов дар Сурия ё Ироқ қарор надошта, эҳтимол аз ҷониби хадамоти махсуси яке аз ҳамсоякишварҳо киро (ҷалб) шуда бошад. Ба андешаи ӯ, хадамоти Г.Ҳалимовро кирокарда барои узвияти ӯ ба […]

ASIA-Plus



Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» собиқадори мақомоти амнияти Иттиҳоди Шӯравӣ, коршиноси масоили омӯзиши терроризми муосир Давлатхӯҷа Назиров изҳор дошт, ки фармондеҳи фирории ОМОН ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов дар Сурия ё Ироқ қарор надошта, эҳтимол аз ҷониби хадамоти махсуси яке аз ҳамсоякишварҳо киро (ҷалб) шуда бошад.

Ба андешаи ӯ, хадамоти Г.Ҳалимовро кирокарда барои узвияти ӯ ба Давлати исломӣ ривояти хуберо бофтаанд.

Назиров мушаххасан нагуфт, ки кадом кишваре тавонистааст ӯро ба ҷониби худ моил созад, вале дар ҳамин ҳол, таъкид дошт, ки «ин кишвар дӯсти Тоҷикистон нест».

«Гуфта наметавонам, ки Г.Ҳалимов бо ҳуҷҷатҳои аслии худ ба Сурия рафта бошад, зеро шиносномаи ҳақиқиро дар марзҳои сершумор, ки ӯ онро дар роҳ ба сӯи ДИИШ убур мекунад, ошкор карда метавонистанд», – таъкид намуд Назиров.

Дар робита ба тақдири минбаъдаи полковники фирорӣ коршинос зикр кард, ки «хоинон дер ё зуд барои ҷиноятҳояшон ҷазои сазовор мегиранд».

«Солҳои 70-уми асри гузашта афсари иктишофи хориҷии Кумитаи амнияти давлатӣ (КГБ)-и Иттиҳоди Шӯравӣ Леонид Полишук, ки ба ҳайси муовини резидент дар Сингапур фаъолият мекард, аз ҷониби хадамоти махсуси ИМА киро шуда, хиёнати ӯ ба давлат чандин миллиард зиён овард ва пас аз бозгашт ба ватан, хиёнатҳои ӯ ошкор гардида, ҳамчун хоини ватан бо ҳукми суд парронда шуд», – гуфт коршинос.

Дар идома ӯ қайд кард, ки дар сурати боздошти Г.Ҳалимов, ҳукуматдорон бояд ба таври истисно барои як ҳолат, моратория ба ҳукми қатлро бекор кунанд ва ӯро ҳамчун хоини ватан ба парронидан маҳкум созанд.

«Ман аз он дар тааҷҷубам, ки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки вохӯрии нафари аз Сурия бо пушаймонӣ баргашта, сокини Хуҷандро бо аҳли ҷомеа баргузор намуда, зимни мулоқотҳои сершумор бо ҷавонон онҳоро ба саргарму гумроҳ нашудан ба даъватҳои узвият ба ДИИШ ҳидоят мекунад, фармондеҳи воломақоми худро таҳти назорати бояду шояд нагирифтааст. Аз ин рӯ, фаъолияти Раёсати амнияти дохилии ВКД-ро, ки ба чунин шармандагӣ роҳ дод, низ хеле ночиз метавон арзёбӣ кард», – гуфт Назиров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.