Шабдолов ҳукуматро ба узвияти ҳарчи зудтар ба ИИАО даъват мекунад

Сиёсатмадори маъруф ва раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки Тоҷикистонро зарур аст дар фурсати наздиктарин мавқеъаш оид ба узвият ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)-ро муайян созад. Ба андешаи ӯ, муддати тӯлонист, ки ҳукумати кишвар зиёну манфиатҳои воридшавӣ ба ин Иттиҳодро омӯхта, мавқеъашро низ оид ба ин масъала муайян намекунад. «Қазоқистону […]

Аваз Юлдошев



Сиёсатмадори маъруф ва раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки Тоҷикистонро зарур аст дар фурсати наздиктарин мавқеъаш оид ба узвият ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)-ро муайян созад.

Ба андешаи ӯ, муддати тӯлонист, ки ҳукумати кишвар зиёну манфиатҳои воридшавӣ ба ин Иттиҳодро омӯхта, мавқеъашро низ оид ба ин масъала муайян намекунад.

«Қазоқистону Беларус ва Арманистон, ки имконоти иқтисодиашон нисбат ба Тоҷикистон бамаротиб зиёд асту ба дастгирии беруна ниёз надоранд, бидуни дудилагӣ ба ин Иттиҳод шомил шуданд ва онҳо аллакай кайҳо таҳлил карданд, ки дар ин иттиҳод иқтисоди онҳо бештар рушд меёбад, мо бошем, ҳоло ҳам дар фикру андешаем», – иброз дошт ӯ.

Шабдолов мутмаин аст, ки ҳаракати озоди сармоя, молу маҳсулот ва қувваи корӣ, ки онро ИИАО кафолат медиҳад, пеш аз ҳама имрӯз ба кишварҳое чун Тоҷикистон хеле зарур аст.

«Замони шӯравӣ Тоҷикистон ба ҳайси кишвари саноатӣ-аграрӣ дониста шуда, имрӯз ба кишвари танҳо аграрӣ табдилд ёфтааст ва бахши аграриии мо феълан дар ҳоли фано қарор дорад, ки қарзи беҳад зиёд дошта, танҳо узвият ба ИИАО метавонад кишварро аз ин ҳолат раҳо кунад», – мегӯяд раиси ҲКТ.

Сиёсатмадор чунин мешуморад, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ», ки аз ҷониби ҳукумат таҳия шудааст, ба комилан ҳаллу фасл кардани мушкилоти муҳоҷират, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон аз мушкилоти иҷтимоӣ ба мушкилоти сиёсӣ табдил шудааст, қодир нест.

Шабдолов муътақид аст, ки имрӯз танҳо дар доираи ИИАО Тоҷикистон метавонад мушкилоти марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, бекорӣ, беҳбуди сатҳи маорифу тандурустӣ ва ғайраро ҳал намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.