Чанд тавсия барои дастрасӣ ба сомонаи «Азия-Плюс»

Пас аз интишори маълумот дар бораи навори видеоии собиқ фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон ва изҳороти ӯ доир ба пайвастан ба сафҳои ДИИШ, дар Тоҷикистон қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои хабаргузориҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шурӯъ шуд. Портали мо – www.news.tj  ( www.asiaplus.news ) низ аз ин «тадбирҳо» дар канор намонд. Субҳи рӯзи ҷумъа қариб ҳамаи ширкатҳои фароҳамсози […]

ASIA-Plus



Пас аз интишори маълумот дар бораи навори видеоии собиқ фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон ва изҳороти ӯ доир ба пайвастан ба сафҳои ДИИШ, дар Тоҷикистон қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои хабаргузориҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шурӯъ шуд. Портали мо –


www.news.tj


 (


www.asiaplus.news


) низ аз ин «тадбирҳо» дар канор намонд.

Субҳи рӯзи ҷумъа қариб ҳамаи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон дастрасӣ ба торнамои гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс»-ро қатъ намуданд.

Аммо тариқи ба телефони ҳамроҳ (мобилӣ)-и дорои низоми Android насб кардани замимаи Play Market ва гузаштан ба суроғаи

https://play.google.com/store/apps/details?id=org.greatfire.freebrowser

шумо метавонед ба сомонаи мо дастрасӣ пайдо намуда, аз рӯйдодҳои дохил ва хориҷи кишвар огоҳ гардед.

Дар компютерҳои шахсӣ метавон браузери Browsecро насб намуд, ки бо суроғаи

https://chrome.google.com/webstore/detail/browsec/omghfjlpggmjjaagoclmmo…

. дастрас аст. Барои ба кор даровардани ин замима, дар саҳифаи кушодамешудаи интернет-мағозаи Chrome бо пахши тугмаи «Бесплатно» ё «Установить» насби васеъшавӣ (расширение)-и Browsec гузоштан зарур аст. Дар гӯшаи «Подтверждение нового расширения» пахши тугмаи «Добавить» зарур аст. Ҳамчунин дар панели Google Chrome мавҷудияти аломати васеъшавӣ (расширение)-и Browsec-ро санҷидан лозим аст.

Агар дар компюетри шумо барномаи Google Chrome насб нагардида бошаду ба гунаи мисол браузери Mozilla мавҷуд бошад, васеъшавии anonymoX –

http://www.anonymox.net/en-ро

мебоояд гузошт.

Ғайр аз ин, барои дастрасӣ ба сомонаи мо шумо метавонед аз анонимайзери

http://cameleo.ru/

низ истифода кунед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.